Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба муносибати  Иди саиди Қурбон сокинони шаҳри Гулистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони шумо оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.

Тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил гашта, рӯҳияи созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарӯза вусъат гирифта, боварии мардум ба фардои неку дурахшон қавӣ ва устувор мебошад.

Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри мо корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд.

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати ин Иди саид таъкид намуданд, ки “Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст”.

Яъне Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ташкил медиҳанд.

Сокинони кишварамон, аз ҷумла гулистониён бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободкориҳо ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Вобаста ба ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои рушди ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Дар ин раванд мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.

Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини шаҳрамон ва дар навбати аввал ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу ҳунар рӯ оварда, дар ободии имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрӯи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.

Фарорасии Иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгор мехоҳам.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:752
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1650
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3890
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18117
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55542
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8156859

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?