21 Июн 2024
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарони ташкилотҳои бонуфуз аз Федератсияи Россия, Глушенко Максим Игоревич директори МСК ГРУПП
Мусаев Беслани Гурамович ва Роман Казашенко намояндаи ташкилоти NETVISION баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба насби видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва роҳандозии лоиҳаи шаҳри бехатар дар шаҳри Гулистон мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суҳбат зарурати кумаки молиявӣ ва имкониятҳли инфрасохтори мавҷудаи шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо арзёбии ҳамаҷонибаи лоиҳаро муҳим арзёбӣ намуданд.