18 Июл 2024
Санаи 17.07.2024 дар толори қасри фарҳанги ҷамотаи шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо сокинони шаҳрак баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси шаҳр доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва шаҳрак дар шашмоҳаи соли ҷорӣ, иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи Қонунҳо ва дигар масъалаҳо бо сокинон суҳбат намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро бо тағйиру иловаҳо дар 175 банд тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуд истодааст. Аз ин теъдод дар маркази шаҳр нақша 100 адад, иҷро 85 адад, ҷамоати шаҳраки Адрасмон нақша 27 адад, иҷро 22 адад, шаҳраки Консой нақша 12 адад, иҷро 10 адад, шаҳраки Чоруқдарон нақша 9 адад, иҷро 8 адад, шаҳраки Зарнисор нақша 10 адад, иҷро 7 адад, шаҳраки Сирдарё нақша 17 адад, иҷро 10 ададро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони шаҳр дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр саҳми арзанда гузошта истодаанд ва дар ин баробар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои фаъолияти бомароми онҳо заминаҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда истодааст.
Дар шаҳраки Адрасмон низ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ чандин иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин бо дастгирии аҳли ҷамоатчигии шаҳрак беш аз 30 км роҳҳои дохили шаҳрак ва Адрасмон – Хуҷанд мумфарш карда шуда, ин иқдом боз идома меёбад.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз пешниҳод ва иқдомҳои соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрак изҳори сипосмандӣ намуд.
Ҳамчунин, доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 20-уми июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардидаанд изҳори назар карда шуд. Аз сокинон риояии қатъии меъёрҳои қонунҳои мазкур хоҳиш карда шуд.
Дар идома ҷиҳати омодагиҳо барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва таъмини саривақтии хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ таъкид карда шуд.
Сипас, бо сокинон суҳбати озод сурат гирифт.