18 Июл 2024
Санаи 17.07.2024 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо дар маҳаллаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Боқиев Рустамҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши занон ва оила Сатторова Матлуба, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД шаҳр Абдуллоев Фаридуншоҳ, нозири калони ШҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ахмедов Наимҷон ва директори КВД ХМК дар шаҳри Гулистон Ҷамолзода Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" риояи тартиботи ҷамъиятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани назди биноҳои истиқоматӣ ва ғайраҳо суханронӣ карда шуд.
Зикр карда шуд, ки воқеан, терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.
Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзуъҳои зикргардида сурат гирифт.