23 Июл 2024
Имрӯз, 23.07.2024 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025, пурра аз таъмир баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2024-2025 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассисҳо барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.
Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва макони нигоҳдории маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дидан намуда, ба масъулини муассисаҳо таъкид намуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.