Матни равон

Имрӯз, 24.07.2024 дар асоси ҷадвали тасдиқ намудаи Раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳкам Миркамолов ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимзода иштирок намуданд.  Ҳамчунин аъзои Шурои  шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар рўзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: Ҳисоботи Шўрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2024, вазъи таъсисёбии ташкилотҳои Ҳаракат дар сатҳи воҳидҳои сохторӣ, ҷамоати шаҳракҳо ва ташкилоту муассисаҳо, вазъи татбиқи Қонунҳои миллӣ: “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар сатҳи шаҳр, баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқоташон бо ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолон бармеояд ва масъалаҳои ҷорӣ.

Доир ба масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба фаъолияти Шўрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  дар давоми нимсолаи аввали соли 2024-ум ва вазъи таъсисёбии ташкилотҳои Ҳаракат дар сатҳи воҳидҳои сохторӣ, ҷамоати шаҳракҳо ва ташкилоту муассисаҳо сухан  ба котиби Шўрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Рустамҷон Боқиев ҳисобот дод.

Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома доир ба Вазъи татбиқи Қонунҳои миллӣ: “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар сатҳи шаҳр мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова маъруза намуд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома доир ба “Баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқоташон бо ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолон бармеояд (аз 9-уми марти соли 20240)  мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев маълумот дод.

Сипас, намояндаи Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳкам Миркамолов  ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимзода доир ба фаъолияти Шурои шаҳрӣ дар нимсолаи соли ҷорӣ ва тақвияти фаъолият дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ суханронӣ намуданд.

Муовини раиси Шурои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон изҳори итминон намуд, ки масъулин ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии Шўрои шаҳрӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои Шӯро   ва таблиғ ва амалигардонии Қонунҳои миллӣ: “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:514
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7413
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11742
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29660
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8130977

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?