Матни равон

Имрӯз, 29.07.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовини якум, муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз  Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки Дар давоми шаш моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 124,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 78,2 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда мебошад.

Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 36,6 миллион сомонӣ буда, 36,7 миллион сомонӣ ё ин ки 100,1 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 43,5 ҳазор сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  шаш моҳ дар ин давра ба маблағи 1 миллиарду 667,3  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 70,4% фоиз мебошад. Аз ин 94,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 5,6 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.

Муштариёни шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба маблағи 48,6 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуданд, ки   дар ин давра 47,0 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондињанда 94,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 95,5 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба бештар мебошад.

Корҳои бинокорию васлгарӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба маблағи 95,3 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,8 маротиба зиёд шудааст.

Дар ин давра  1452 меҳмони хориҷӣ ва 11143 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 12595 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли гузашта (соли 2023 – 8132 нафар) зиёд буда, 154,9 фоизро  ташкил медиҳад.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, норасоии мутахассисон, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, вазъи таъмини оби нӯшокӯ, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, вазъи соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1338
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16684
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40687
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199442

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?