30 Июл 2024
Санаи 29.07.2024 дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии “Зеби дастархон” баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур ҷамоати шаҳракҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода зимни суҳбат зикр намуд, ки бо мақсади амалисозии банди 35 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва иҷрои қарори Раиси шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии"Зеби дастархон" баргузор гардида истодааст.
Ҳадафи озмуни мазкур татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди суннату анъана ва ҳунарҳои мардумӣ оростани дастархон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати дастархонороӣ дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.
Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.
Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анаъанаҳо ва ҷашну маросимҳои милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.
Ба ҳамин муносибат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо раъй ва пешниҳоди мардуми кишвар қабул гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.
Баргузор намудани озмуни шаҳрии “Зеби дастархон” бори дигар барои баланд бардоштани маърифати дастархонороии мардуми мо мусоидат мекунад.
Сипас, ҳайати ҳакамон аз дастархонҳои ороста шуда дидан намуданд. Пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян гардида, бо диплом сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.