01 Август 2024
Санаи 31-уми июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Зеби дастархон" баргузор гардид.
Дар озмун бонувони коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо маҳорати баланди кадбонугӣ эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарзу усули пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои кишварро ба намоиш гузошта, сазовори ҷойи аввал гардиданд.