03 Август 2024
Имрӯз, 03.08.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи "Нақшаи чорабиниҳои оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсӣ аз тарафи масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024" қабули шаҳрвандон бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, сардори шуъбаи ташкили кор ва назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Неъматҷон Суннатулло ва намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Олим Маҳмудзода баргузор гардид.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузории қабули шаҳрвандонро аз ҷониби намояндагони Агентӣ омили муҳими мубориза бо коррупсия арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, сардори шуъбаи ташкили кор ва назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Неъматҷон Суннатулло ҳадафу мароми баргузории қабули шаҳрвандонро аз ҷониби кормандони Агентӣ зикр намуд.
Сипас, шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуда посухҳои мушаххас гирифтанд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки дар мубориза барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ саҳмгузор бошанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ гардидан бо чунин ҳолатҳо бо рақами боварӣ ба масъулини Агентӣ дар минтақа муроҷиат намоянд.