07 Август 2024
Дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр тибқи нақшаи ободгардонии роҳҳо сокинон сарҷамъона ба ҳашар баромада аз вазъи мусоиди боду ҳавои тобистон истифода карда, барои равуои бемонеа дар ҳамаи фасли сол дар мавзеъҳои тангии роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монданд.
Ҳамчунин сокинон ҷойҳои харобшудаи роҳро бетон карда, бо ин шева роҳро ба андозаи аз 4 то 6 м васеъ намуданд. Дар натиҷа беш аз 100 м роҳҳои харобшуда обод карда шуд, ки барои корҳо 10 тонна семент ва 60 мошини боркаш сангу шағал сарф карда шуд. Дар ин кори хайр сокинон ҳама аҳлона саҳм гузоштанд.
Сокинон азм доранд, ки аз ҳавои мусоид истифода намуда, ҷойҳои таъмирталаби роҳро дар тули то 200 таъмир намоянд.
Лозим ба зикр аст, ки Ҷамоати шаҳраки Навгарзан дурдасттарин ҷамоати шаҳраки шаҳри Гулистон ба шумор меравад, ки тақрибан дар масофаи 230 км аз шаҳр дур ҷойгир мебошад.
Дар фасли сармо ҳангоми боришоти зиёд равуои сокинон мушкил гардида, дар натиҷа роҳҳо хароб мегарданд. Ҳамчунин, дар фасли гармо оби сой, ки аз канори роҳ ҷорӣ аст баланд гардида, боси харобшавии роҳ мегардад.
Иқдоми мазкур ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳо имкон медиҳад, ки равуои сокинон ба шаҳрак дар ҳамаи фасли сол беҳтар гардад.