Матни равон

Санаи 06.08.2024, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”,  фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №21 “Дар бораи баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.07.2024, №186 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025 дар шаҳри Гулистон” дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр баргузор карда шуд.

Дар маросими кушодашавии озмун раиси Комиссия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Боқиев Рустамҷон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Матлуба Сатторова мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи маориф Дилрабо Каримӣ, Бахтовар Ҷӯразода мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Давронов Ҷонибек иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд карда шуд. Дар натиҷа барои шаҳри Гулистон 15 адад Стипендия барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 адад барои коллеҷи тиббии шаҳр муқаррар гардидааст.

Хонандагон аз фанҳои забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ тест супорида, аз фанҳои забони давлатӣ ва забони русӣ диктант навиштанд. Пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд.  Аз 38 нафар довталаб 15 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва 1 нафар аз муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ғолиби даври аввали Стипендияи Президентӣ гардида, ғолибон дар ҳузури иштирокчиён эълон карда шуда, ҳар як довталаб бо корҳои иҷро намудааш шинос карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:898
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15706
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49241
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8150558

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?