Матни равон

Муҳтарам варзишгарон!

Ҳамдиёрони арҷманд!

Таърихан рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар остонаи ҷашни воқеан ҳам арзишманди миллӣ - Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчунин ба даврае рост омадааст, ки 14 - нафар варзишгарони кишвар аз рӯи шаш намуди варзиш дар бозиҳои тобистонаи XXXIII-юми Олимпиадаи Париж - 2024, Тоҷикистони маҳбубро намояндагӣ намуда, бо майдондории худ ва ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо тақвияти намудҳои гуногуни варзиш ва ғамхорию дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар соҳиби эътибори хоса гардида, мунтазам рушд меёбад.

Ташаббус ва комёбии дигар ин эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи футбол, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва пуштибонӣ ёфтани он аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид буда, ин иқдоми шоиста ҷиҳати рушди футбол, оммавияти варзиш ва дастгирии варзишгарон ба маврид ва саривақтӣ мебошад.

Воқен ҳам соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои арзишмандтарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад, зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Зимнан, варзишгарони тоҷик зери ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун ҳомиёни ояндабахш қарор доранд.

Мо ҳамеша барои варзишгарон шароити мусоид фароҳам меоварем, то ки Парчами давлатро дар сатҳи байналмилалӣ парафшон намуда, барои ҳазорон ҷавонони дигар намунаи ибрату пайравӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 135 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ соҳиби 784 медал гардиданд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Итминон дорам, ки варзишгарони шаҳри Гулистон бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.

Бо чунин ниятҳои нек, ба ҳар як сокини шаҳри Гулистон ва варзишгарони кишвар комгориву муваффақиятҳои беназир ва тандурустиву хонаободиро таманно дорам.

Рӯзи варзишгарон муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1307
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16653
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40656
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199411

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?