17 Август 2024
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб собиқадори соҳаи тибби шаҳр Исмоилов Нематҷонро аёдат намуд. Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуруъ аз соли 1964 то соли 2010 дар муассисаҳои тиббии шаҳр ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатӣ намуда, дар сиҳатбахшии ҷомеа саҳми арзишманд гузоштааст.
Собиқадори соҳаи тиб бо хушҳолӣ ва фараҳмандӣ аз фазои сулҳу осоиш ва Истиқлоли давлатии кишвар миннатдории самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд. Ҳамасола дар кишвар 18-уми август ҳамчун рӯзи табибон таҷлил карда мешавад.
Таҷлили ин сана ба ифтихори кормандони соҳаи тиб рӯҳияи онҳоро боло бардошта, барои фаъолияти содиқонаи касбӣ ба онҳо неру мебахшад. Хидматҳои содиқонаи собиқадорони соҳа ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.