Матни равон

Имрӯз, 19.08.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода,  намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарипова ва инчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Нахуст дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори машварат  оғоз гардид. Дар машварат масъалаҳои ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба оғози соли таҳсили 2024-2025, натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр дар соли хониши 2023-2024 ва вазифаҳо барои соли хониши 2024-2025 баррасӣ гардиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷишати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақиятҳо ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.

Масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Доир ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2023-2024 ва ҳолати омодабошӣ ба соли таҳсили 2024-2025 мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ маълумот ироа намуд. Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз мудири шуъбаи маориф ҷиҳати фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр пурсиш ба амал овард.

Доир ба мавзуи “Мактаб, оила ва ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас масъуланд” Мирсаидамин Мирбобоев омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маърӯза намуд.

Ҳамчунин, доир ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ Таҳмина Файзуллозода мудири муассисаи таълимии томактабии №4 суханронӣ намуд.

Сипас, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарипова доир ба фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр изҳори назар намуда, доир ба тақвияти фаъолияти соҳа пешниҳодҳо манзур намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода барои фаъолияти минбаъдаи соҳа дар назди масъулин ва кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Меҳрангез Исмоилова мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр лоиҳаи қарори машварати августиро ба самъи иштирокчиён расонид ва бо овоздиҳии якдилона қарор қабул карда шуд.

Дар вазъи тантанавӣ як қатор кормандони соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”,  Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:879
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15687
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49222
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8150539

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?