Матни равон

Имрӯз, 23.08.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар майдончаи варзишии футбол, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, ки бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ тибқи нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншооти мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он беш аз 135 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон низ ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва тули солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ чандин иншооти варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим гардида, барои истифодаи васеи сокинон пешниҳод карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонону  наврасони шаҳрак онҳо метавонанд ба машқу тамрин машғул гардида, оянда номбардори диёр аз ин навъи варзиш гарданд.

Сокинон аз марвиди истифода қарор гирифтани чунин иншооти барҳаво ва фароҳам омадани имконияти мусоид барои машғул гардидан ба навъи варзиши футбол изҳори хушнудӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1364
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16710
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40713
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199468

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?