Матни равон

Санаи  22.08.2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси банди 14-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон дар мавзуи “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини якуми Раиси Шурои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Усмонзода Аюб Ислом ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳр зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки мавзуе ки дар мулоқоти имрӯзаи мо мавриди баррасӣ қарор мегирад  - “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” бисёр мавзуи муҳим аст. Чун худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок, марзу бум, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд  нахуст худшинос  бошем, вақте ки худро шинохтем, ки гузаштагони мо кӣ буданду мо кӣ ҳастем худшиносии миллӣ дар мо ташаккул меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид.

Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо худшиносиву истиқлолу озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошанд ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Баромадкунандагон мавзуи мазкурро аз ҳар зовия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар фарҷом Каромат Қосимова, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Ҷамолиён Муслимахон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муҳаммадҷон Усмонов сархатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳр ба музокира баромаданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:888
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15696
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49231
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8150548

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?