29 Август 2024
Дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Имомалиеви маркази шаҳрак 550 м мураббаъ роҳ бо дастгирии мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 таъмири 53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун 9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.
Масъулин кӯшиш доранд, ки нақшаи таъмири роҳҳоро саривақт ва барзиёд иҷро намоянд.