28 Август 2024
Ба 100 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Гулистон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва муҳассилине, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат қишри ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба ятимон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад.
Бинобар ин, ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа бояд ҳеҷгоҳ худро танҳо ҳис накунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар таҳсил карда, барои соҳибкасб шудан талош варзанд.
Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини соҳаи маорифи шаҳр дастур дод, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Наврасон барои ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки хонандагон бо баҳои аъло таҳсил карда, дар оянда чун мутахассисони соҳибкасб ба воя мерасанд.