01 Сентябр 2024
Санаи 31.08.2024 дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба муносибати оғози соли нави хониш ва истиқболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии умумишаҳрӣ аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ аз қабили тоза намудани гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, шафати роҳҳо ва гирду атрофи онҳо аз алафҳои хушк ба роҳ монда шуд.
Масъулини шаҳрдорӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.