02 Сентябр 2024
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми роҳи ҳудуди минтақаи саноатӣ ва ҳудуди ҶДММ "Доруи Суғд" дар ҳаҷми 2700 метри мураббаъ мумфарш карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 таъмири 53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун 9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.
Масъулин кӯшиш доранд, ки нақшаи таъмири роҳҳоро саривақт ва барзиёд иҷро намоянд.