Матни равон

3 сентябри соли 2024 маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба фаъолони хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҳозиринро бахшида ба 33-юмин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз мегардонад.

Дар арафаи Рўзи Истиқлоли кишварамон баргузор шудани чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле рамзист, зеро ин қадршиносӣ барои онҳоест, ки дар пешравии соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи доимии кишвар сарбаландона ва садоқатмандона хизмат намудаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон минбаъд низ тамоми донишу малакаашонро барои ободии кишвар ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар равона менамоянд.

Ба гуруҳи калони кормандони касбу кори гуногун ва фаъолони хоҷагии халқ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:948
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16294
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40297
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199052

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?