Матни равон

Санаи 04.09.2024 дар толори Кохи фарҳангии  Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки  ҷавонон кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.

Кори конференсия бо садо додани Сурудии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар Конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик ва директори муассисаи таълимии №7 Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Аҳмадҷонов Парвиз суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин зикр намудаанд, ки: “Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овардааст”. Воқеан даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард ва дар ҳамаи соҳаҳо навгониҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Яке аз соҳаҳое, ки пайваста дар таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар қарор дошт, соҳаи ҷавонон мебошад.

Баъд аз шаш моҳи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. Ин заминагузорӣ ва таваҷҷуҳи ҷудогона буд, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23-юми майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон аз афзалиятҳои доимии сиёсати давлатӣ шинохта шудааст ва дар суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамият ва зарурати дастгирии давлатии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро пайваста таъкид менамоянд.

Эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба ҷовонон нерӯи тоза ва амалисозии имкониятҳои конститутсионии онҳоро қувват бахшида, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Дар Конференсияи мазкур нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ назаррас арзёбӣ гардида, изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони саодатёри шаҳри Гулистон бо саъю кӯшишҳои ҳадафманд идомадиҳандаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар гардида, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:283
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1940
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8262
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12052
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17565
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8118882

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?