Матни равон

Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷлосия  таҳти роҳбарии Раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон   муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №118 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин, тақвияти иқтидори содироти маҳсулоти тайёр, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармоягузориҳо таҳия гардидааст.

Мақсади асосии Барнома фароҳам овардани шароит ваз амина барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин,  ақвияти иқтидори содироти маҳсулоти тайёр, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо бевосита ба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон корхонаи азими қолинбофӣ – Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” амал мекунад ва аз ин рӯ шаҳрро ҳамчунн шаҳри қолинбофон низ мешиносанд.

ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти қолинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корхона бо қарори Раиси Шурои вазирони ИҶШС Косиген А.Н. дар охири солҳои 50-уми қарни гузашта таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии корхона мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ 117 гектарро дар бар гирифта 76 дарсади онро иншооти истеҳсолӣ  ташкил медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба мавҷудияту нигоҳдории иқтидорҳои истеҳсолии корхона эътибори хоса дода шуда, маҳсулоти қолинияш дар намоишгоҳҳои бузурги хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст. Корхона соли 1996 дар Копенгаген сазовори “Глобуси тиллоӣ”, соли 1999 дар Париж сазовори “Аркаи Аврупо”, соли 2020 дар Брюсел сазовори “Ситораи платинии сифат” ва дигар навъи мукофот гардидааст.

ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” дар соли 2023 ба миқдори 115,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки бо нархҳои муқоисавӣ 108,8 фоизро дар бар мегирад. Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 корхона ба маблағи 54,3 миллион сомсонӣ масҳулот истеҳсол намуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ 127,0 фоизро ташкил медиҳад. Лозим ба зикр аст, ки дар нимсолаи .аввали соли ҷорӣ истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ 3,6 маротиба зиёд, ё ин ки 365,7 фоизро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 3-юми апрели соли 2021, №118 минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон дар ин соҳа ва дастгирии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” саъю талош менамояд.

Доир ба масъалаи мазкурАбдуллоев Абдулмуталлиб вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Бедил”, №5 ба музокира баромад.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, раиси Комиссия Ҷамолиён Муслима Ғайбуллозода вакил аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ”, №16  ҳисобот дод.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ” №29 Абдуллоев Ғуфронҷон шунида шуд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромадҳо ва хароҷотҳои буҷети шаҳр дар соли 2024 лоиҳаи қарор пешниҳод гардида, бо ҳамовозӣ қарор қабул гардид.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:80
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:847
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23127
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59578
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8269090

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?