19 Сентябр 2024
Санаи 18.09.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор карда шуд.
Дар кори Ситод аъзо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22.04.2024, №86, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 30.04.2024, №131 ба имзо расида, ҳайати Ситод аз нақшаи чорабиниҳо дар 21 банд таҳия ва тасдиқ шудааст.
Доир ба ин масъала дар назди Раиси шаҳр Ситод баргузор гардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуда, аз ҷониби соҳаҳои буҷетӣ доир ба ин масъала қарорҳои дахлдор тасдиқ шуда, ба котиби Ситод дастрас гардидааст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои соҳаи иҷтимоии шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бо ҶДММ “Фазои савдо” шартнома ба имзо расонида, ангишт ва ҳезумро тибқи нақша захира намудаанд. Муассисаҳои соҳаи иҷтимои ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мебошанд.
Ҳамчунин, дар шаҳр як адад нуқтаи статсионарӣ ва сайёрӣ фурӯши ангиштсанг ташкил карда шудааст.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати пурра омода будан ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода боз ҳам тадбирҳои зарурӣ андешанд.