24 Сентябр 2024
Имрӯз, 24.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд.
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истифода намудани пурраи имкониятҳо дар ҷараёни фаъолият таъкид намуд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои истеҳсолӣ фаъолияти мунтазам намуда, бо мақсади таъмини нақшаи фаъолият дар давраҳои ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” фаъолияти бомаром дошта, корҳо тибқи нақша пеш мераванд.
Шумораи кормандони корхона 2284 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 416 нафар зиёд ва музди маоши миёнаи онҳо ба 4584 сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 224,0 сомонӣ зиёд мебошад.
ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар соли 2023 ба маблағи 2 миллиаду 870,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, барзиёд иҷро намудани уҳдадориҳои истеҳсолӣ ва амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ ҷиҳати то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.