Матни равон

25 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ, «Корхонаи металлургии тоҷик» ва ҶДММ «Доруи Суғд» шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки корхонаҳои зикршуда 7 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидбой Абдуллоев дар доираи “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст, дар як моҳ то 300 ҳазор метри тӯлонӣ ноқил истеҳсол карда мешавад. Дар ин коргоҳ истеҳсоли то 30 намуд ноқили барқӣ бо тавононии аз 450 волт то 1 киловолт ба роҳ монда шуда, ин ноқилҳо барои гузаронидани хатти барқи дохилии биноҳои истиқомативу маъмурӣ нигаронида шудаанд.

Фаъолияти коргоҳи дигари ин корхона ба истеҳсоли рӯда (шланг)-и резинӣ нигаронида шудааст. Дар ин ҷо 7 намуд рӯда (шланг)-и резинии қутраш аз 10 то 40 миллиметр ва 5 намуд гофра бо қутри аз 16 то 40 миллиметр истеҳсол карда мешавад.

Дар «Корхонаи металлургии тоҷик”, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бунёд шудааст, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура ба роҳ монда шудааст.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз насли нави давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон наздики 130 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон ҷавонони соҳибтахассус мебошанд, бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

ҶДММ «Доруи Суғд» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дар ду хати истеҳсолӣ насбгардида аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ворид карда шудааст ва раванди истеҳсолоту банду басти маводи доруворӣ тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷараён дорад.

Маводи доруворӣ дар корхонаи нави саноатӣ бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи нави саноатӣ 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла ғилофак ва доруҳои шаклу ҳаҷми гуногун, гранулаҳо барои суспензия, шарбат, маҳлулҳо барои истифодаи беруна, малҳами табобатию ороишӣ ва дигар маводи дорувории ивазкунандаи воридот истеҳсол мекунанд. Тибқи нақша истеҳсолот дар як сол ба 60 номгӯй расонида мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарф маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ташкил менамояд.

Чуноне мушоҳида гардид, корхонаҳои саноатӣ фаъолияти мунтазам дошта, коргарон дар ҳар се корхона ба истеҳсоли маҳсулот машғул мебошанд.

Раиси вилоят ба роҳбарони корхонаҳо барои дар оянда низ ташкил намудани ҷойҳои кории иловагӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:864
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9733
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13369
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8172124

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?