29 Сентябр 2024
Санаи 27.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Ситоди ҳарбӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.
Вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳр комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода маълумот пешниҳод намуд.
Сипас, ба масъулин доир ба тақвият бахшидани корҳо дар самти ҷалб намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024, мутазам баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва омодагӣ ба сафарбарнамоии рӯзи аввали даъват супоришҳо дода шуд.
Инчунин, ба раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷиҳати саривақт иҷро намудан нақшаи даъвати ҳарбӣ супориш дода шуд.