Матни равон

Субҳи имрӯз, 01.10.2024 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Ҳамчунин, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Таъкид гардид, ки дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ дар шаҳр 52 нафар даъватшаванда омодаи сафарбарӣ мебошанд, ки ин 80%-и нақшаи муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.

Сипас собиқадори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Каримбердиев, модари даъватшаванда Ғаниева Онаҷон ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Болтуев Абдуқайюм суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар вазъи мутантан супорида шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ қисми расмии чорабинӣ ба охир расид.

Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:493
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8007
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59144
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268656

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?