Матни равон

Санаи 03.02.2024 дар Қисми мустақили 37-уми ХДО оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати шахсии ниҳоди мазкур семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шар Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи руди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» маърӯза намуд.

Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуи ҳифзи асолати забонро ҳамеша зери назари қатъии хеш қарор додаанд ва дар ироаи яке аз Паёмҳояшон зикр намуданд, ки:  “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем”.

Дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии забони тоҷикӣ баъди қабул гардидани Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989  фароҳам оварда шудааст. Қонуни мазкур дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи муайян амал намудааст, ки дар танзим ва ҳифзи забони тоҷикӣ мушкилоти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайра ҷой дошт, бинобар ин рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ғайриимкон буд ва ба талаботи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ набуда, ба такмил ниёз дошт.

Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, қонунгузорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, робитаҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра истифода мегардад.

Тибқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.  Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад, ки тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад.

Бо мақсади танзим ва ҳамоҳангсозии сиёсати забони давлатӣ  Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст, ки амалисозии рушди сиёсати забони давлатӣ бо маром идома дошта, аз ҷониби мақоми ваколатдор назорат карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсиву фарҳангии забони давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар кишвар барои эҳё, ҳифз ва рушди босуботи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ руйи кор омад. Тадбирҳои ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи сокинони ҷумҳурӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд.

Ҳамчунин, дар ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, муассиаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо Комиссияҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал мекунад ва бояд онҳо вазифаҳои худро садоқатмандона иҷро намоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи асолати миллӣ ва арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 Забони давлатӣ дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармудаанд: «Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:748
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9617
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13253
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8172008

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?