05 Октябр 2024
Имрӯз, 05.10.2024 дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон” озмуни шаҳрии “Беҳтарин посдори забони тоҷикӣ” миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии Озмун мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ҳадаф ва тартиби баргузории озмунро ба иштирокдорон фаҳмонида, аъзои Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд.
Дар озмун хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, тибқи муқаррароти низомномаи озмун аз рӯйи 3 шарт – навиштани иншо дар мавзуи “Забони миллат – ҳастии миллат”, посух навиштан ва саволҳои хаттӣ ва луғат дониши худро санҷиданд.
Дар натиҷаи санҷиши маводи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд. Дар озмун як нафар соҳиби ҷойи аввал, ду нафар соҳиби ҷойи дуюм, се нафар соҳиби ҷойи сеюм ва шаш нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти Озмун муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон иштирок намуда, иштирокдоронро бо Рӯзи забони давлатӣ ва ғолибонро бо ғолибият дар озмуни шаҳрӣ муборакбод гуфт.
Дар вазъи тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, ки дар гиромидошт, тарғиб ва омӯзиши забони тоҷикӣ дар шаҳр саҳми арзишманд доранд сипосномаҳои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Сипас, ба шаш нафар ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба шаш нафар гирандагони мақоми ифтихории озмун сипоснома тақдим карда шуд.