Матни равон

Дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон  Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо иштироки  муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баргузор гардид.

Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҳайати раёсати кори конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардид.

Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то то моҳи сентябри соли 2024, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи XVI ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Пас аз шунидани ҳисобот вакилони Конференсия Атамов Тӯра Муродович-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Неругоҳи  Қайроққуми ҶСК “Барқи тоҷик”, Абдулоев Абдумуталиб Пӯлотҷонович –раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  ҳизбии ҶСК ”Қолинҳои Қайроққум”, Дилрабо Каримова- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” ва Бародзода Сарҳад- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҲХДТ   ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода  доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуданд.

Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.Дар идомаи кори Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иборат аз 25 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар ва вакилон ба конференсияи вилоятӣ иборат аз 17 нафар интихоб шуданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия- интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода изҳор дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи боби 4,19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 19-и Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода  аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон интихоб гардид.Дар фарҷоми Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон қадршиносӣ гардида, ба 15 нафар аъзои тозаинтихоби ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:645
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7544
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11742
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29791
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8131108

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?