Матни равон

Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 10 октябри соли 2024 дар  Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаров Раҷабалӣ ва раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргиса Бердиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими  ҷашну маросим, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани назди биноҳои истиқоматӣ  ва ғайраҳо суханронӣ карда шуд.

Зикр карда шуд, ки воқеан, терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзӯъҳои марбут сурат гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:445
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7959
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268608

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?