07 Ноябр 2024
Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон Валиев Доруш дар озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иштирок намуда, соҳиби мақоми дуюм гардид.