Матни равон

Санаи 15.11.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Хизмат ба Ватан пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванд мебошад.

Ба наваскарон барои хизмати софдилонаву садоқатмандона ба халқу Ватан, вафодор мондан ба савганди ҳарбӣ ва бо сари баланд ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ барори кор таманно карда шуд.

Сипас, навдаъватшавандае дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ваъда дод, ки хизмати ҳарбиро садоқатмандона ба итмом мерасонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:335
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7849
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58986
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268498

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?