24 Ноябр 2024
23-юми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 43 ҷой, вилояти Хатлон 35 ҷой, вилояти Суғд 29 ҷой, ВМКБ соҳиби 13 ҷой ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 10 ҷой гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз шаҳри Гулистон 5 нафар довталаб фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи Кенҷаев Лоиқ муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик" миёни омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун соҳиби ҷойи сеюм ва Абдуллоев Фаридуншоҳ мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Эҷоди наср" сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, Кенҷаев Лоиқ муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр сазовори нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" гардид.
Ғолибият муборак бод!