25 Ноябр 2024
Имрӯз, 25.11.2024 дар маркази шаҳри Гулистон ғолибини даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ва дигар масъулини шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф ва наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимӣ тантанавор қабул карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз шаҳри Гулистон 5 нафар довталаб фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи Кенҷаев Лоиқ муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик" миёни омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун соҳиби ҷойи сеюм ва Абдуллоев Фаридуншоҳ мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Эҷоди наср" сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, Кенҷаев Лоиқ муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр сазовори нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" гардид.
Ғолибият муборак бод!