26 Ноябр 2024
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба тавсиб расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаҳои 24.11.2024 ва 25.11.2024, дар доираи "Барномаи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2023-2027", дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол байни сарбозон баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Дар ин баробар масъулинӣ Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мурабиён азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.