Матни равон

Санаи 04.12.2024, дар толори МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф ва мактаби худшиносиву худогоҳии миллӣ аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, муовини директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Кенҷаев Лоиқ ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Раҳмонов Умедҷон иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз намуда, доир ба фаъолияти  волонтёрӣ, ки мактаби бузурги худташаккулдиҳӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.

Инчунин қайд намуд, ки мактаби волонтёрӣ ба дарахте шабоҳат дорад, ки меваҳояш ҷавонони фаъолу донишманд, накукору хайрхоҳ ва пешбарандаву ояндаи Ватани азиз мебошанд. Дар ҳақиқат сафи волонтёронро беҳтарин ҷавонони фаъолу ташаббускор фаро гирифтааст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дӯстиву рафоқат ва самимияту меҳрубонӣ нисбати якдигар, рӯз аз рӯз дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми назаррас мегузоранд.

Мо-ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки дар ободиву пешравии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузорем.

Дар воқеъ, мо – ҷавонони кишвар хушбахттарин наслем, ки дар фазои сулҳу субот таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.

Дар хотимаи ҳамоиш ба як гурӯҳ волонтёрон ва ҷавонони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар вазияти тантанавӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1109
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1952
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4773
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26697
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8236209

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?