11 Декабр 2024
Санаи 10.12.2024 дар толори мактаби санъати шаҳр вохӯрӣ дар мавзуи "Ҳаёт бидуни зӯроварӣ" бахшида ба ҷамъбасти маъракаи иттилоотии "16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон" баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова ва мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25 ноябр то 10 декабр гузаронидани Маъракаи иттилоотӣ бахшида ба "16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон"-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкунҳхо нисбати занон қабул карда шудааст. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин руз-Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон аст. Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳо ин ба мардуми кишвар бори дигар ёдоварӣ кардан аст, ки: "Байни зану мард зӯроварӣ набояд бошад, ба ҷои он меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамдигар ҳукмронӣ намояд".