Матни равон

Имрӯз, 19.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 9-уми декабр тасдиқ гардидааст дар мавзуи “Интихобот – падидаи ҷомеаи демократӣ”  бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Юлдошев Рустам ва Бобоҷонова Дилбар устодони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар МИҲЛ-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешид ва дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расид.

Ҳамчунин, тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум иборат аз 15 нафар ташкил ва тасдиқ гардид. Барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон 35 адад ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ бо роҳи интихоботи озод таъсис додани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар робита ба ин, дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Имрӯз сокинони мамлакат сарфи назар аз миллият ва эътиқоди динӣ Тоҷикистонро  Ватани умумию  ягонаи шаҳрвандони он ва тамоми тоҷикони дунё меҳисобанд ва  дӯст доштану  таъмин кардани амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии онро  вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд медонанд. Асоси пешрафти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад, ки пойдевори воқеии ҳалли муқовимат ва расидан ба сулҳу ваҳдату ризоияти миллӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи омори иқтисодию иҷтимоӣ сол аз сол рушд меёбад. Имрӯз барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни дорои арзишу аҳамияти аввалиндараҷа дар сатҳи назаррас таҳия мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зина ба зина баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди бебозгашти сиёсату иқтисод ва фарҳанги миллӣ имкони муносиб фароҳам меоварад. Бо мақсади амалӣ кардани тадбирҳои созандаю муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда баргузории интихобот барои ҳар шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар фард нақши муҳим дорад.

Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудани Тоҷикистон ба давраи нави созандагӣ имкони хуб фароҳам оварда, ба ташаккули афкори иҷтимоии мардум мусоидат менамояд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:502
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11201
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12879
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27663
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8372236

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?