Матни равон

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, муовини якуми  Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода иштирок  намуданд.

Муовини якуми Раиси  шаҳри Гулистон Даврон муҳаммадзода кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.

Ба кор андохтани чархаи аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба муносибати ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обиии «Роғун» таъкид намуданд, ки “Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон дар баробари яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар будан, инчунин ҳамчун шаҳри барқчиён ва энергетикон муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр имрӯзҳо тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, навсозии ин иншоототи муҳим оғоз гардида, 3 агрегати он ба истифода дода шуд, дар агрегатҳои дигар корҳо бомаром ҷараён доранд.

Ҳамчунин, изҳори итминон карда шуд, ки соли равонро энергетикҳои гулистонӣ бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст карда, дар ин замина, вазифаҳои худро оид ба таъмини неруи барқ бошарафона иҷро намуда, барои пешбурду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Сипас, фаъолони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:554
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1716
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11253
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12879
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27715
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8372288

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?