30 Декабр 2024
Имрӯз, 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Шуро Прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, аъзои Шуро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Одиназода Шодӣ Лоҳутшо, муовини сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Муродов, сардори нозироти андози шаҳр исмат Холов, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳр Мафтун Қурбонзода иштирок намуданд.
Дар ҷаласа тибқи банди 3-и нақшаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ ва тибқи банди 4- и нақшаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон фаъолияти нозирони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.