30 Декабр 2024
Санаи 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” ҷараён гирифт.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ба шунавандагони курс баён дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида мавзуи навбатӣ баррасии асари пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” мебошад.
Мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба муҳтавои асар ва аҳамияти он ба иштирокчиён маълумот дод.
Зикр карда шуд, ки Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст.
Ҳадафи аслии китоб дар эпиграфи он чунин баён шудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Дар муқаддима зикр шудааст, ки мардуми куҳанбунёде бо номи тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолият имкон пайдо карданд, ки дубора мероси гузаштаи чандинҳазораи худро эҳё ва соҳибӣ кунанд. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Дар қисмати охири пешгуфтор муҳтавои асар чунин хулоса гардидааст:
1. Истилоҳи забони тоҷикӣ дар ин китоб ба маъно ва мафҳуми илмӣ ва сиёсии имрӯзии он, яъне забони давлатии як кишвари мустақили ҷаҳон – Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода шудааст. Вале дар матн ҳангоми руҷӯъ ба давраҳои гузашта ҳамчунин номи таърихӣ ва расмии онро дар он рӯзгорон – форсӣ, дарӣ ё форсии дарӣ ба кор бурдаем, ки ҳамрадифи забони тоҷикӣ мебошанд.
2. Китоб ҷанбаи маърифатӣ дошта, ба мақсади огоҳии бештари ҳамватанони азиз аз таърихи забони модарии хеш, бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа навишта шудааст, ба умеди он ки забоншиносони мо дар такмили ин китоб бикӯшанд ва сарнавишти омӯзандаи забони моро дар асри ҷавонӣ ва овони булуғ ба таври илмӣ хубтару равшантар ба алоқамандон муаррифӣ намоянд.
3. Китоби ҳозир дар асоси сарчашмаҳои маълуму дастрас, ахбору асноди дар муомилоти илмӣ машҳур ва андешаҳои дар миёни донишмандон роиҷ таҳия гардидааст. Аз миёни мақолаҳо ва осори илмӣ дар ин мавзӯъ агар манбаъ ва номи муаллифи соҳибназаре дар ин китоб зикр нашуда бошад, бешак амри тасодуф буда, ё ба осорашон дастрасӣ пайдо накардем ва ё назариёташонро ба қавли машҳур пазируфтаем. Дар охир аз тамоми донишмандони арҷманде, ки аз осорашон дар таълифи ин китоб фаровон истифода шуд, ба хотири қадрдонӣ аз саҳм ва хидмати онҳо дар таҳқиқ ва таблиғи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллати тоҷик изҳори сипос менамоем.
4. Ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Доир ба ҳамаи боб ва фаслҳои китоб тавзеҳ дода шуда, асар пурра баррасӣ гардида, аҳамият ва арзиши он ба шунавандагон муайян гардид.