31 Декабр 2024
Ҳамшаҳриёни азиз!
Мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2025 қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳр саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Соли 2024 дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.
Сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2024 ғайратмандона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд.
Соли 2024 барои шаҳри Гулистон соли накӯ ва пур аз дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр буд.
Бояд зикр кард, ки дар давоми сол ифтитоҳи 5 иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, сехи истеҳсоли консерваи моҳӣ дар заминаи ҶСК “Таъминоти моҳӣ” дар шаҳри Гулистон, ҶДММ «Абдуллоев Саидбой» оид ба истеҳсоли ноқилҳои барқӣ, ҶДММ «Доруи Суғд», 3 агрегати аз таҷдид баромадаи Неругоҳи барқӣ обии «Қайроққум» ва ҶДММ «Маҳмуд и Ко» ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 декабр ба Маҷлиси Олии кишвар моро водор месозад, ки дар соли нави омадаистода ва солҳои минбаъда зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Моро лозим аст, ки барои татбиқи ин пешниҳоди Роҳбари давлат дар оянда саъю талош намоем.
Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек, комёбиҳои рӯзафзун ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу ваҳдати ҷовидониро орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2025 муборак бод!