31 Декабр 2024
Санаи 31 декабри соли 2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба беш аз 30 нафар ятимони кул туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳр иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида шуда, зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чун анъана таҳти сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнвораҳо кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ зери сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро аз мадди назар дур намекунад.