03 Январ 2025
Имрӯз, 03.01.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таҳти унвони “Паём-раҳнамо барои фардои дурахшони кишвар” конференся баргузор гардид.
Конференсияи бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии МД ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид. Тавре ки аз оғози Паём зикр гардид: "Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст."
"Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд."
"Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд."
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми Паём ба сокинони кишвар таъкид намуданд, ки: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.
Ҳамчунин, доир ба соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон ва ҷавонон ва дигар ҷанбаъҳои Паём мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.
Дар фарҷом зикр карда шуд, ки имрӯз, нақшаву ҳадафҳои мо дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар соли 2025 пурра зикр шудаанд ва танҳо моро мебояд, ки бо азму садоқати устувор, бо ҷидду ҷаҳд, софдилона барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолияти арзанда намоем.