11 Январ 2025
Таърихи 10 январи соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Паём-ҳуҷҷати сарнавиштсоз» бо иштироки Шарифҷони Саидраҳмон, муовини раиси шаҳри Гулистон, Моҳира Раҳимзода, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон зимни баромади хеш оид ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳифзи оромӣ ва осудагӣ ва дигар паҳлуҳои Паём суханронӣ намуд. Зикр дошт, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Моҳира Раҳимзода зикр намуд, ки дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа занон неруи бузургу созандаанд. Нақши занон дар татбиқи ҳадафҳои қонунҳо, низому сомони рӯзгор, муҳиту фазои хона, солимии баракати зиндагӣ, ҳифзу нигаҳдории забон, арзишҳои миллӣ, суннатҳои қадимии ниёгон бориз аст. Дар тарбияи дурусти насли наврас, андӯхтани маърифати оиладорӣ, риояи таомулу суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравӣ заминаи созгор фароҳам меоваранд. Эътимод ва ҳидоятҳои Сарвари давлат занону модаронро уҳдадор месозад, ки бо дарки масъулият дар анҷоми рисолати ба зиммадошта, яъне тарбияи комили фарзанд, қотеона ҷаҳд намуда, онҳоро ҳамчун ворисони сазовори миллату Ватан ба воя расонем.
Саидов Исмоилҷон –намояндаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нуктаҳои асосии Паёмро аз раванди соҳаи маориф ба иштирокчиёни ҳамоиш расонида, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дастури раҳнамо барои омӯзгорон буда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот омӯзгорон тамоми маҳорату малакаи худро равона менамоянд ва барои тарбияи насли оянда ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон иброз дошт, ки паёми ирсолгардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ва роҳнамо, таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои амалӣ гардидани вазифаҳо ва дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, ҳар як шаҳрванд бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ содиқона барои пешрафту ободонии Тоҷикистони азиз меҳнат намояд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба аъзои навинтихоби ташкилотҳои ҳизбии шаҳр шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.