11 Январ 2025
9-уми январи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 06 январи соли 2024, №06-6/13тф дар бо иштироки ҳайати таблиғотии вилоятӣ бо ҷалби сокинони шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯйи фардои дурахшон” доир гардид.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Аминзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва Абдуазизи Бобоев, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамасола бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва мушаххас намудани нақшаву барномаҳо барои соли оянда ва солҳои минбаъда чун анъана паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи мамлакат ироа мегардад. Дар ин замина бо натиҷагирӣ аз фаъолияти бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2024, мушаххас намудани вазифаҳо барои соли 2025 ва дурнамои муайян Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.
Дар идома Шарифҷон Аминзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва Абдуазизи Бобоев, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маърӯза намуданд.
Дар фарҷом байни маърӯзачиён ва иштирокдорон суҳбати озод доир карда шуд.