16 Январ 2025
Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти мактаби санъати маркази шаҳр ба мактаб ташриф овард.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти мактаб, иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъат 25 октябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.
Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 24 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори консертӣ ва толори намоиш мебошад. Дар мактаб 14 навъи маҳфилҳои омӯзишӣ амал мекунад, аз ҷумла: фортепиано, скрипка, флейта, доираю карнай, дутор, рубоби қашқарӣ, гитор, ғижжак, най, рақс, сарояндагӣ, рассомӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ.
Дар мактаби санъат 22 нафар омӯзгор ба 304 нафар таълигиранда дарс мегӯянд.
Таълимгирандагони муассиса дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати ҳар чӣ бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба мактаби санъат ва омӯзиши амиқи санъати тоҷик, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман!" супоришҳои мушаххас дод.